Имсол татбиқи 5 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёту роҳ ба анҷом мерасад

Февраль 3, 2021 11:55

ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 5 лоиҳаи сармоягузорӣ  дар соҳаи роҳсозӣ ба анҷом расонида мешаванд, ки инҳо  марҳилаи 1-ум ва 2-юми роҳи Душанбе – Бохтар, Кӯлоб – Қалъаихумб, қисмати A-F, «Сохтмони долонҳои зиддитармавӣ дар роҳи  Душанбе-Чанок ва «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмину устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ» аз ҳамин зумраанд,- гуфт Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз зимни нишасти хабарии ин ниҳод.

Ба иттилои Вазири нақлиёт, “имсол татбиқи 10 лоиҳаи нави  сармоягузорӣ  ба маблағи умумии  8 млрд. сомонӣ  оғоз меёбад, ки барои иқтисодиёти мо хеле хуб буда, дар ин росто садҳо нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд. Ин лоиҳаҳо Обигарм – Нуробод, Қалъаихумб –Ванҷ, Қизилқалъа-Бохтар, идомаи корҳои сохтмони нақби Анзоб, таҷдиди роҳи Ҳулбук – Темурмалик – Канкурт, Бохтар – Данғара ва дигарон мебошанд, ки корҳо дар қисме аз онҳо оғоз ёфтаанд. Дар робита ба суоли он ки оё роҳи мошингарди Душанбе–Бохтар пулакӣ мешавад, Вазири нақлиёт гуфт: “Ин гуна нақша нест ва дар ин бора то кунан ягон тасмиме гирифта нашудааст, зеро роҳ дар ҳолати сохтмон қарор дорад”.

Ёдрас мешавем, ки лоиҳаи  таҷдид ва навсозии сохтмони роҳи мошингард аз шаҳри  Душанбе то шаҳри Бохтар  ба масоҳати 82 километр ва бо арзиши лоиҳавии беш аз 2,3 миллиард сомонӣ идома дошта, дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур 8 адад пул, 14 адад  чорсӯ ва гардишҳо, 18 адад истгоҳҳо ва павилйонҳо,  8 гузаргоҳи чорвогузар, се гузаргоҳ барои пиёдагардон, ки аз он як адад рӯизаминӣ ва ду адад зеризаминӣ аст, сохта мешаванд.

Роҳи мазкур дорои чор хати ҳаракат буда,  паҳноии қисмати роҳ  аз 23 то  36  метрро ташкил медиҳад.  Ҳадафи лоиҳаи мазкур баланд бардоштани самаранокӣ  ва таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути  минтақаҳои интихобшудаи роҳрави долонҳои 2, 5, 6 мебошад, ки пойтахти  кишвар- шаҳри Душанберо бо вилоятҳои Хатлону Бадахшон ва кишварҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон,  назири  Афғонистон, Ӯзбекистон ва Чин мепайвандад.

Февраль 3, 2021 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд