Коршиноси СУТ аз Россия фарзияи ихроҷи COVID-19 -ро аз озмоишгоҳи Вуҳан арзёбӣ кард

Февраль 4, 2021 11:50

ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тасаввур кардани ихроҷ аз озмоишгоҳи Пажӯҳишгоҳи вирусшиносии Вуҳан хеле душвор аст, зеро ин лаборатория болотар аз ҳар гуна сифат  ташкил шудааст. Ҳамин тавр коршиноси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) аз Россия Владимир Дедков фарзияи пайдоиши COVID-19 аз пажӯҳишгоҳи Чинро арзёбӣ намуд, ки назари ӯро «РИА Новости» иқтибос овардааст.

«Барои рисолати мо, албатта, боздид аз чунин муассиса, муошират бо ҳамтоён ва дидани ташкили кор дар онҷо бисёр муҳим аст. Фаъолияти он хуб ташкил карда шудааст. Намедонам, ки онҳоро кӣ интиқод кардааст, лаборатория болотар аз ҳар гуна сифатҳо ташкил шудааст», — зикр кард мутахассис ва илова намуд, ки ҳеҷ замина ё далели он ки вирус маҳз аз ҳамин лаборатория паҳн шудааст, вуҷуд надорад.

Пештар узви дастаи СУТ дар Вуҳан, олими бритониёӣ, доктор Питер Дашак назарияи ихроҷи уфунатро истисно накарда буд. Гурӯҳи мутахассисон дар пажӯҳишгоҳи вирусшиносӣ чаҳор соат ҳузур дошт, аз ҷумла аз озмоишгоҳи ба ҳадди бузург алоҳидашудаи BSL-4 боздид кард, ки овозаҳо оид ба  пайдоиши коронавирус ба он иртибот доранд.

Чинро ба пинҳон доштани хуруҷи беморӣ, зӯран хомӯш кардани табибоне, ки кӯшиши бонги хатар задан мекарданд ва инчунин барои бо таъхир ба ҷаҳониён дар ин хусус хабар додан айбдор мекунанд. ҶМЧ -ро инчунин барои монеъ шудан ба таҳқиқоти хориҷӣ ҷиҳати муайян намудани пайдоиши вирус гунаҳкор медонанд.

АКСИ: «РИА Новости»

Февраль 4, 2021 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон