Коршиноси СУТ аз Россия фарзияи ихроҷи COVID-19 -ро аз озмоишгоҳи Вуҳан арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тасаввур кардани ихроҷ аз озмоишгоҳи Пажӯҳишгоҳи вирусшиносии Вуҳан хеле душвор аст, зеро ин лаборатория болотар аз ҳар гуна сифат ташкил шудааст. Ҳамин тавр коршиноси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) аз Россия Владимир Дедков фарзияи пайдоиши COVID-19 аз пажӯҳишгоҳи Чинро арзёбӣ намуд, ки назари ӯро «РИА Новости» иқтибос овардааст.
«Барои рисолати мо, албатта, боздид аз чунин муассиса, муошират бо ҳамтоён ва дидани ташкили кор дар онҷо бисёр муҳим аст. Фаъолияти он хуб ташкил карда шудааст. Намедонам, ки онҳоро кӣ интиқод кардааст, лаборатория болотар аз ҳар гуна сифатҳо ташкил шудааст», — зикр кард мутахассис ва илова намуд, ки ҳеҷ замина ё далели он ки вирус маҳз аз ҳамин лаборатория паҳн шудааст, вуҷуд надорад.
Пештар узви дастаи СУТ дар Вуҳан, олими бритониёӣ, доктор Питер Дашак назарияи ихроҷи уфунатро истисно накарда буд. Гурӯҳи мутахассисон дар пажӯҳишгоҳи вирусшиносӣ чаҳор соат ҳузур дошт, аз ҷумла аз озмоишгоҳи ба ҳадди бузург алоҳидашудаи BSL-4 боздид кард, ки овозаҳо оид ба пайдоиши коронавирус ба он иртибот доранд.
Чинро ба пинҳон доштани хуруҷи беморӣ, зӯран хомӯш кардани табибоне, ки кӯшиши бонги хатар задан мекарданд ва инчунин барои бо таъхир ба ҷаҳониён дар ин хусус хабар додан айбдор мекунанд. ҶМЧ -ро инчунин барои монеъ шудан ба таҳқиқоти хориҷӣ ҷиҳати муайян намудани пайдоиши вирус гунаҳкор медонанд.
АКСИ: «РИА Новости»








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






