Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз фаъолияти яксола натиҷагирӣ намуд

Февраль 16, 2021 11:33

ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал дар ҷараёни баргузории маҷлиси васеи Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолияти кумитаи мазкур  дар соли 2020 ҷамъбаст гардида, нақшаҳо барои соли 2021 муайян гардиданд.

Тавре  аз  шуъбаи иттилоот ва матбуоти  КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маҷлиси васеъ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ,  аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ширкат доштанд.

Дар маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон 5 масъала: натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар соли 2020 ва нақшаҳо барои соли 2021; тасдиқи нақшаи чорабиниҳо дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; ҳисоботи Гурӯҳи вакилони ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон; тасдиқи Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои соли 2021 ва баъзе санадҳои дигар; тасдиқи фармоиши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз рӯи масъалаи якум раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён гузориш дода, гуфт, ки “соли 2020 барои мо давраи басо ҳассос ва масъулиятпазир, имтиҳоне буд, ки аз ҳар узви ҳизб, бахусус сохторҳои ҳизбӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва масъулияти хосса талаб намуд. Аз рӯи сифати узвият ба ҳизб соли 2020 нисбат ба соли 2019 пешрафт ҷой дорад. Дар давраи ҳисоботӣ 3890 нафар ба узвияти  ҳизб қабул карда шуданд, ки мутаносибан ба 106% баробар аст. Иҷрои буҷети Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба ҳолати 31 декабри соли 2020  104 % афзоиш ёфт”.

Қиёмиддин Миралиён иброз дошт, ки ҳамчун навоварӣ ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва таҳкими низоми идоракунӣ дар соли 2020 дар вилоят рейтинги фаъолияти ҳизбӣ ҷорӣ карда шуда, ҳар семоҳа аз рӯи 6 нишондиҳанда ба роҳ монда шудааст. Соли 2020 вобаста ба такмили сатҳи донишу ихтисос ва малакаи кормандони ҳизбӣ 996 машварат баргузор карда шуд, ки мутаносибан 19 маротиба зиёд мебошад.  Дар самти сиёсати ҷавонон корҳо тақвият ёфта истода, фаъолияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва фаъолияти волонтёрӣ дар вилоят бомаром рушд ёфта истодааст.

Гуфта шуд, ки соли 2020 зимни як ташрифи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон 4 бинои маъмурӣ барои кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Восеъ ва Ш.Шоҳин ифтитоҳ гардиданд, ки дар таърихи ҳизб ҳамто надорад.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  Абдураҳим Холиқзода иброз дошт, ки «давоми 30 сол Тоҷикистон новобаста аз мушкилоти ҷойдошта пеш рафта, тараққӣ кард. Дар ҳамаи ин дастовардҳо саҳми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо беназир аст. Мо миллати хушбахтем, ки Худованд ба мо чунин Пешворо лоиқ дидааст».

Узви Раёсати Кумитаи Марказии ҳизб, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нисбат ба дигар аҳзоби сиёсӣ бонуфуз ва пешқадам буда, ҳамеша дар канори халқ аст. Дар амалӣ шудани ҳадаф ва мақсадҳои дар пешгузоштааш сайъ намуда, зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» дар пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзанда мегузорад. Бояд эътироф намуд, ки ташаккули мафкураи давлатӣ аз чигунагии идеологияи ҳизби ғолибу ҳукмрони он вобастагии амиқ дорад. Имрӯз дар баробари мақомоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти ташаккули маънавиёти ҷомеа бар зиммаи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон низ гузошта шудааст”.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ   баробари дастовардҳо ҳамчунин атрофи баъзе проблемаҳои ҷомеа сухан гуфт, таъкид дошт, ки дар ҳалли онҳо ҳизбиён бояд фаъол бошанд. Мавсуф афзоиши ҷудошавии оилаҳо, вазъи ҷинояткорӣ, худкушӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои эктремистиро мисол овард. Ҳамчунин илова кард, ки дар пеш ҷашни бузурги таърихӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ истодааст ва бояд дар таҷлили ин санаи таърихӣ фаъол бошем.

Дар хатми маҷлис як гурӯҳ фаъолон, ки дар татбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ саҳми муносиб доштанд, бо сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии ҲХДТ қадрдонӣ шуданд.

Февраль 16, 2021 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Консорсиуми сармоягузории «Area AI» ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсияҳои муфид пешниҳод менамояд
Дар Суғд ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуданд
Оид ба нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар рушди илм ва маориф конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 октябр, якшанбе, 299-умин рӯзи соли 2025 аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Сохторҳои буҷетии ноҳияи Сангвор ба мавсими сармо пурра омода мебошанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вобаста ба таъмини бехатарии радиатсонӣ машварат баргузор шуд
Нақши ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад