Мақомоти гумрук боздошти се кормандашро дар иртибот ба қочоқи 90 килограмм тилло ва 15 миллион доллар тасдиқ намуд
ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти гумруки Тоҷикистон боздошти се нафар кормандашро дар иртибот ба қочоқи 90 килограмм тилло ва 15 миллион доллар ба хориҷи кишвар тасдиқ намуд.
Сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Раҳмоналӣ Раҳимзода имрӯз дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки се нафар корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки мехостанд 90 килограмм тилло ва 15 миллион долларро бо роҳи қочоқ аз Тоҷикистон ба хориҷа интиқол диҳанд, моҳи ноябри соли гузашта дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби кормандони Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ боздошт гардиданд.
Раҳмоналӣ Раҳимзода афзуд, ки ин гурӯҳ, ки аз ҳафт нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иборат буд, моҳи ноябри соли гузашта талош карданд дар ҳаҷми калон тилло ва пулро аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол диҳанд, аммо аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура боздошт гардиданд.
Гуфта шуд, ки нисбат ба ин қазия парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.








Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд






