Номи чор паҳлавони тоҷик ба 20-гонаи беҳтаринҳои ҷаҳон ворид гардид
ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чор нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштин шомили 20-гонаи беҳтаринҳои ҷаҳон шуданд. Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин (UWW) раддабандии бозбинишудаи беҳтаринҳои ҷаҳонро нашр кард, ки номи чор варзишгари тоҷик – Ҳикматулло Воҳидов, Муҳаммад Икромов, Искандари Рустам ва Мубинҷон Ахмедов низ ба 20-гона ворид шудааст. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Мавқеи беҳтарро миёни паҳлавонони тоҷик Муҳаммад Икромов дорад. Ӯ дар раддабандии вазни 61кг-и гӯштини тарзи озод ҷои 12-умро сазовор шудааст. Ҳикматулло Воҳидов дар ҷои 13-уми вазни 57кг-и ҳамин равия мавқеъ дорад. Паҳлавони шинохтаи кишвар Искандари Рустам ҷои 17-уми вазни 97кг-ро гирифтааст. Дар равияи гӯштини юнонӣ-римӣ як нафар варзишгари мо – Ахмедов Мубинҷон ба 20-гона ворид гардидааст. Ӯ дар ҷои 20-уми вазни 63кг ҷой гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки ин чор варзишгари тоҷик соли гузашта дар Чемпионати Осиё сазовори медал шуда буданд. Ҳикматулло Воҳидов ва Муҳаммад Икромов медали нуқра, Искандари Рустам ва Мубинҷон Ахмедов медали биринҷиро соҳиб шуданд. Муҳаммад Икромов инчунин охири соли 2020 дар Ҷоми ҷаҳон, ки дар шаҳри Белгради Сербия доир шуд, ҷои панҷумро сазовор гашт.
Миёни онҳо ҷиҳати омодагӣ барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 Муҳаммад Икромов ва Мубинҷон Ахмедов аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд.








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






