Нуриддин Давронов дубора ба дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баргашт

Февраль 12, 2021 08:29

ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони  ҳашткаратаи  Тоҷикистон — дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки ин мавсим дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё бозӣ мекунад, бо бозингари  шинохтаи тоҷик Нуриддин Давронов шартнома бастааст. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дастаи футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе ва дастаи «Борнео»-и Индонезия оид ба гузариши футболбоз ба дастаи пойтахт ба мувофиқа расиданд. Собиқ бозингари  шинохтаи  дастаи  «Истиқлол»  то оғози равзанаи трансферии тобистона ҳамчун иҷора дар дастаи  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бозӣ хоҳад кард.

Хотиррасон  мекунем, ки  Нуриддин Давронов мисли пештара таҳти рақами 8 ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Февраль 12, 2021 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд