ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда мешавад
ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 18-23 то 25-30 ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Танҳо охири рӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+3 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, танҳо дар охири рӯз дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда мешавад. Нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 5+10 то 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8+10 ва рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






