ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбанда мешавад
ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо тумани тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0+2 ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






