Оилаҳои хонандагони осебпазири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон аз кумакҳо бархӯрдор гардиданд

Февраль 22, 2021 16:25

ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ бо дастгирии молиявии Федератсияи Россия ба оилаҳои хонандагони осебпазири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон расонидани кумакро оғоз намуд. Кумаки маводи ғизоӣ аз орди гандуми ғаникардашуда ва равғани растанӣ иборат мебошад. Мувофиқи нақша, то охири моҳи феврал волидайни ниёзманди хонандагони синфҳои аз 1 то 4-и вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин шаҳри Роғун ва ноҳияҳои водии Рашт низ аз чунин кумакҳои ғизоӣ баҳраманд хоҳанд шуд.

Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семенович Лякин-Фролов зикр намуд, ки солҳои зиёд аст  Россия дар ташкили системаи самарабахши ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон кумак мерасонад. Бо назардошти пандемияи коронавирус барои мо расонидани кумаки иловагии мақсаднок ба мактаббачагон ва оилаҳои онҳо муҳим буд. Мо бовар дорем, ки ин на танҳо ғизонокии онҳоро ғанӣ мекунад, балки ба ноилшавии натиҷаҳои беҳтари таълимии онҳо мусоидат хоҳад кард.

Ҳамзамон муовини директор ва иҷрокунандаи вазифаи Намояндаи Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон Марико Кавабата иброз дошт, ки «мо аз Федератсияи Россия барои саҳмгузорӣ дар Барномаи ғизои мактабии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ миннатдорем. COVID-19 ба ғизо ва амнияти ғизо дар хонаводаҳо, алалхусус дар байни аҳолии осебпазир таъсири худро гузошт. Ин саҳми иловагӣ ба мо имкон фароҳам меорад, то кумаки озуқавориро дар давраи авҷи мушкилиҳо ба оилаҳои хонандагони осебпазир расонем».

Кумаки мазкур бахше аз Барномаи ғизои мактабии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ боқӣ мемонад, ки дар он зиёда аз 600 ҳазор хонандагони синфҳои аз 1 то 4 дар 2 ҳазор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 52 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон фаро гирифта шудаанд.

Бояд гуфт, ки аз соли 1999 инҷониб Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ бо Ҳукумати Тоҷикистон дар самти такмили системаи миллии ғизои мактабӣ ҳамкорӣ менамояд.

Февраль 22, 2021 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад