Ғолибони «Озмуни дастархонороӣ» дар Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 18 феврал дар чойхонаи «Истаравшан»-и пойтахт «Озмуни дастархонороӣ» баргузор гардида, ғолибони он муайян шуданд. Дар натиҷа ҳакамони озмун ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойи якум, ноҳияи Шоҳмансур мақоми дуюм, ноҳияи Сино зинаи сеюм ва ноҳияи Фирдавсӣ ҷойи чорумро сазовор донистанд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ҳайати ҳакамон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, чор ноҳияи пойтахт ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуда, довталабон бо санъати воло анъанаҳои дастархонороиро пешкаши ҳакамону иштирокдорони озмун намуданд.
Зикр шуд, ки озмуни мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 3 феврали соли 2020 доир гардида, ҳадафи он омӯзиши сарфакоронаву моҳирона ва ҳунармандона оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо мебошад.
«Озмуни дастархонороӣ» дар се давр гузаронида шуда, ғолибони даврҳои ноҳиявию шаҳрӣ ҳуқуқи иштирок дар сатҳи ҷумҳуриявиро пайдо намуданд.
Бояд илова кард, ки ҳунари иштирокчиёни озмун аз рӯи тарзи истифодаи сарфакории моҳирона, оростани дастархон, зебо, хушоянд ва дилписанд будан, риояи анъанаҳои миллӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯ будани дастархони оросташуда баҳогузорӣ гардид.
Гуфта шуд, ки миллати тамаддунофари тоҷик яке аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси бойи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ мақоми шоиста касб намудааст. Халқи тоҷик на танҳо дар бахши омодасозии анвои таъомҳои миллӣ, балки дар дастархонороӣ низ маҳорати баланд дошта, хони оростаи ҳунармандон на фақат чорабиниҳои хонаводагӣ, балки ҷашнҳои пуршукӯҳи идонаи миллиро зебу зиннати хоса мебахшад. Анъанаи дастархонороии тоҷикон бо зарфиятҳои хоси худ, бахусус аз лиҳози усули оростан ва унсурҳои истифодаи анвои маҳсулоти миллӣ дар ҷаҳон беназиранд. Ин аст, ки фарҳанги дастархонороӣ, ҷузъе аз анъанаҳои фарҳанги меҳмоннавозии тоҷикон ба шумор меравад.
Дар охири чорабинӣ ғолибон аз ҷониби мақомоти иқроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мукофотҳои пулӣ, диплом ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.









Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид






