Ғолибони озмуни шаҳрии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» дар пойтахт муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Баъди азназаргузаронии маҳсулоти пешниҳодшуда ҷойи аввал дар номинатсияи «Корхонаи саноатӣ» ба ҶДММ “Рухом” ва ҷойи дуюм дар ҳамин номинатсия ба ҶДММ «Асрори санг» дода шуд. Дар номинатсяи «Ҳунарманди касбӣ» бошад ғолиб Манучеҳр Саидов намояндаи н.И. Сомонӣ дониста шуда, ғолиби номинатсияи «Ҳунарманд» бошад, Бобоев Маҳмуд намояндаи н. Фирдавсии пойтахт интихоб гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, дар маросими ифтитоҳи озмун муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ аз аҳамияти ин барномаи фарҳангӣ — сайёҳӣ дар таърихи навини мамлакат маълумот дода, аз иштирокчиёни озмун даъват ба амал овард, ки дар муаррифии имконияти сайёҳии кишвар, бахусус пойтахт – шаҳри Душанбе саҳм гузоранд.
Зикр шуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат ва муаррифии давлат дар арсаи ҷаҳон солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи сангтарошию ороишӣ, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии мутахассисони соҳа, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари ороишиву сангтарошӣ, инчунин ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Дар даври шаҳрии озмун довталабоне, ки дар даври ноҳиявӣ ғолиб гардида буданд, иштирок намуда, ба ҳайати ҳакамон ва меҳмонон маҳсулоти омоданамудаи худро муаррифӣ намуданд.
Дар анҷом ба ғолибон мукофот ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супорида шуданд.










«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






