ҶОМИ ФФТ-2021: дастаҳои «Истиқлол» ва «Хатлон» дар финал байни ҳам рақобат мекунанд
ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври нимниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 17 феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шуданд. Дар ин рақобатҳои ҷолиб дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бар дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 ва дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 3:2 ғалаба карданд.
Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳамин тариқ, бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 миёни дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе 20 феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода барои ҷои сеюм бозӣ мекунанд. Рақобати ин дастаҳо низ 20 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат мегирад.
Ҷоми ФФТ-2021
Нимфинал
«Хатлон» – «Равшан» – 2:0
Голҳо: Жан Гатен, 33 (1:0). Жан Гатен, 90+2 (2:0).
«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2
Голҳо: Шерзод Муҳамадиев, 5 (0:1). Диловаршо Ғаниев, 26 (0:2). Манучеҳр Ҷалилов, 56 – аз пеналтӣ (1:2). Салам Ашурмамадов, 77 (2:2). Зоир Ҷурабоев, 82 (3:2).
Ҷоми ФФТ-2021
Марҳилаи финалӣ
Гурӯҳи «А». Бозии 3-юм
«Равшан» – «Истиқлол» — 0:4
Голҳо: Салам Ашурмамадов, 63 (0:1), Алишер Ҷалилов, 67 (0:2), Рустам Соиров 75, (0:3), Рустам Соиров, 90+2 (0:4)
«Мастчоҳ» – КМВА – 2:3
Голҳо: Салоҳиддин Одиназода, 28 (1:0). Муҳсин Рустамзода, 50 (2:0). Шодибек Ғаффоров, 61 (2:1). Ҷонибек Шарипов, 90 (2:2). Комрони Мирзохон, 90+2 (2:3).
Ҷоми ФФТ-2021
Марҳилаи финалӣ
Гурӯҳи «Б». 3-юм давр
«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ» – 1:2 ….. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
Голҳо: Ҳикматулло Расулов, 26 (0:1). Ҳикматулло Расулов, 38 (0:2). Абдулло Шарипов, 82 (1:2).
20 феврал (шанбе)
Бозӣ барои ҷои сеюм
11:00. «Равшан» – «Регар-ТадАЗ». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Финал
15:00. «Хатлон» – «Истиқлол». Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






