Ҷоми ФФТ-2021. Дастаи «Барқчӣ» ба марҳилаи ниҳоӣ баромад

Февраль 1, 2021 09:14

ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Барқчӣ»-и Ҳисор бо мағлуб намудани  дастаи «Ваҳдат» бо ҳисоби 4:2 дар даври сеюми марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 ба даври ниҳоии мусобиқа роҳхат пайдо кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар доираи марҳилаи муқаддамотии мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 дар минтақаи Душанбе бозиҳои даври сеюм баргузор гардиданд. Дар гурӯҳи “А” дастаи “Кӯктош” “Локомотив-Помир”-ро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуд. КМВА бар “Шоҳмансур” бо ҳисоби 2:0 дастболо гардид.

Дар гурӯҳи “Б” “Барқчӣ” бо ҳисоби 4:2 дастаи “Ваҳдат”-ро мағлуб намуд, дар дербии пойтахт “Душанбе-83” “Истиқлол”-ро бо ҳисоби  1:0 шикаст дод.

Ҳамин тариқ, бозиҳо дар гурӯҳи “Б” ба анҷом расиданд. Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 аз ин гурӯҳ “Истиқлол” ва “Барқчӣ” баромаданд.

Дар гурӯҳи “А” ду давр бозиҳои дигар мондаанд. Пас аз се даври бозиҳо дар садри гурӯҳ “Кӯктош” бо касби ҳафт имтиёз қарор дорад. Аз ин гурӯҳ низ ду дастаи беҳтарин ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ роҳхат пайдо мекунанд.

АКСҲО аз ФФТ

Февраль 1, 2021 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд