Парвиз Акрамзода: Ангурпарварони шаҳри Турсунзода 150 тонна мавиз тайёр карда, 90 тоннаашро ба хориҷа содир намуданд
ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Деҳқонону ангурпарварони шаҳри Турсунзода соли гузашта коркарди ангурро ба таври густурда ба роҳ монда, дар натиҷа 150 тонна мавиз омода намуданд, ки 90 тоннааш ба хориҷи мамлакат, асосан ба кишварҳои ҳамҷавори Ӯзбекистон ва Қирғизистон содир гардид.
Ин матлабро Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода имрӯз ба намояндагони расонаҳои хабарӣ дар нишасти матбуотӣ иброз дошта, афзуд, ки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан хушкмева ва содироти он ба хориҷи мамлакат зери таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт деҳқонону ангурпарварони шаҳри Турсунзода, ки таҷрибаи бой доранд, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон–таъмини амнияти озуқаворӣ нақши муассир мегузоранд.
Зикр гардид, ки деҳқонону ангурпарварони шаҳр ба коркарди ангур хеле ҳавасманд буда, аз ин ҳисоб ҳамасола фоидаи калон ба даст меоранд. Агар нархи 1 килограмм ангури сиёҳ дар вақти ғунучин 8 сомонӣ бошад, ҳангоме, ки он коркард гардида, мавиз омода мешавад, нархи 1 килограмм мавиз дар бозор 100-120 сомониро ташкил медиҳад. Аз 4 килограмм ангур, ки 32 сомониро ташкил медиҳад, 1 килограмм мавиз омода мегардад, ки нархаш ба 100-120 сомонӣ баробар аст.
Ҳамзамон Парвиз Акрамзода зикр кард, ки «ҳоло соҳибкорони шаҳр бо мақсади воридоти дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ барои коркарди меваю сабзавот дар кишварҳои Туркия ва Чин қарор доранд. Бо ворид намудани ин гуна таҷҳизоти муосир коргоҳу корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ба роҳ монда шуда, ҷойҳои нави корӣ ташкил мегарданд».








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






