Пешниҳоди эъломия дар бораи даромад аз ҷониби судя ҳангоми таъйин ба вазифа ҳатмӣ гардид

Февраль 10, 2021 13:34

ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар иҷлосия зимни баррасии лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва вакили мардумӣ Мавлуда Мирзозода таъкид намуданд, ки минбаъд судя ҳангоми таъйин (интихоб) шудан ба вазифа ва ҳангоми адои вазифа уҳдадор мешавад, ки ҳар сол бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худ пешниҳод намояд.

Моддаи 17-и Қонуни конститутсионии мазкур, ки савганди судя ном дорад, дар таҳрири нав ифода мекардад, ки дар он матни савганди судя, тартиби савганд ва дигар масъалаҳои марбут ба савганди судя муқаррар шудаанд.

Зимни муаррифии  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва вакили Маҷлиси намояндагон Мансур Усмонов таъкид намуданд, ки  тибқи лоиҳа, ба зиёда аз 10 моддаи Кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд. Чунончи, ба моддаи 11, ки дахлнопазирии шахсият ном дорад, қисми нав–қисми 5 илова мегардад, ки мутобиқи он суд, судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда уҳдадор мегарданд, ки дар доираи ваколати худ шахси ғайриқонунӣ дастгиршуда ё аз озодӣ маҳрумшуда, ё ин ки ғайриқонунӣ дар муассисаҳои тиббӣ ё рўҳӣ ё дар ҳабс ё ҳабси хонагӣ зиёда аз муҳлати дар Кодекси мазкур пешбинигардида нигоҳ дошташударо фавран озод намоянд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба вакилони мардумӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ва вакили мардумӣ Раънохон Бобоҷониён пешниҳод намуда, иброз доштанд, ки мақсади асосии ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқгардонии он ба Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муқаррароти Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иборат мебошад.

Лоиҳаи Қонуни мазкур аз ду модда иборат буда, тибқи он ба сархати якуми қисми 2 моддаи 100, ки ба ваколати мақомоти заминсозӣ ва геодезӣ тааллуқ дорад, калимаҳои «раёсати» ва «раёсат» мувофиқан ба калимаҳои «сарраёсати» ва «сарраёсат» иваз карда шуда, ба сархати дуюми қисми 2 моддаи мазкур пас аз калимаи «сарҳад» калимаҳои «ва муовини ӯ» илова карда шаванд. Минбаъд дар баробари сардори раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад ҳамчунин ба муовини ӯ оид ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъйини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти заминсозӣ ва геодезӣ ҳуқуқ дода мешавад.

Масъалаи ниҳоии рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва вакили мардумӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ шарҳ дода, изҳор доштанд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мушаххас намудани ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба сертификатсияи ниҳолҳо бо назардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» таҳия шудааст.

Февраль 10, 2021 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид
ФАЗОИ ДИНӢ ВА ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ МУОСИР. Ҳамовозӣ ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ– ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Ҳамовозӣ ба Соли маърифати экологӣ эълон шудани соли 2024 дар шаҳри Душанбе
Мулоқоту суҳбатҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо сокинон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба анҷом расиданд
Ба сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ расонида шуданд