СААД нақша дорад соли 2021 тақрибан ҳашт машқи калон – аксарашон дар қаламрави Тоҷикистон баргузор намояд
ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) нақша дорад, ки соли 2021 тақрибан ҳашт машқи калон — аксарашон дар қаламрави Тоҷикистон баргузор намояд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз Дабири кулли СААД Станислав Зас ба ТАСС гуфт.
«Ман танҳо дар бораи машқҳои калон гуфта метавонам, мо тақрибан ҳашт машқ дорем», — гуфт Зас дар посух ба суол оид ба он ки чанд машқ имсол ба нақша гирифта шудааст.
Ба гуфтаи Дабири кулл, аксари онҳо дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешаванд, зеро ин давлат соли 2021 Созмонро раисӣ мекунад. Аз ҷумла, машқҳои миқёсан калон бо неруҳои вокуниши сареъи дастаҷамъӣ, қувваҳо ва воситаҳои иктишофӣ ва ғайра ба нақша гирифта шудаанд.
Зас инчунин гуфт, ки Афғонистон манбаи ҷиддии таҳдидҳои террористӣ ба амнияти минтақа боқӣ мемонад.
«Афғонистон ҳамчунон манбаи таҳдиди ҷиддии террористӣ боқӣ мемонад. Дар нимаи дуюми соли гузашта дар он ҷо зиёда аз 50 амали террористӣ содир карда шуд, тақрибан 4 ҳазор нафар ҷароҳат бардоштанд », — гуфт ӯ.
Дабири кулли Созмон тазаккур дод, ки СААД ва СААШ ҳоло ҳатто дар сатҳи корӣ ҳеҷ гуна иртибот надоранд, аз ин рӯ дар бораи барқарор кардани муносибатҳо ҳарфи гуфтанӣ нест.
«Барои аз сар гирифтани муносибатҳо онҳо бояд вуҷуд дошта бошанд. Ҳоло мо дар асл бо СААШ ягон иртибот надорем, ҳеҷ гуна ҳамкорӣ ҳам вуҷуд надорад. Ҳатто дар сатҳи корӣ. Аз ин рӯ, ҳеҷ зарурате дар бораи аз сар гирифтани онҳо вуҷуд надорад», — гуфт Зас.
АКС аз ТАСС








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






