«Сарбози Ватан будан ифтихори ҷавонмардист»-таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид

Февраль 19, 2021 13:54

ДУШАНБЕ, 19.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида  ба 28-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Сарбози Ватан будан ифтихори ҷавонмардист” дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор намуданд.

Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Далер Қобилзода, масъулини сохторҳои ҳизбии пойтахт, Шўрои собиқадорони ҲХДТ ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.

Иштирокчиён аз қисми ҳарбӣ ва осорхонаи Қӯшунҳои сарҳадӣ дидан намуданд. Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ҳамаи сарбозону афсарони шуҷои Ватанро бо ид табрик намуда, аз суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқтибос оварданд: “Мо на танҳо дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳамеша хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, пос медорем ва номи неку корномаҳои ватандӯстонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунем”.

Дар доираи дидор ба сарбозону афсарони қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Ҳамзамон муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бошандагони Госпитали ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аёдат намуда, ба сарбозон туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Инчунин ба 25 нафар оилаҳои родмардон, ки дар хизмати Ватан-модар ҷони худро фидо намудаанд, кумакҳои моддӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, тухм, макарон, картошка ва пиёз расонида шуд.

Февраль 19, 2021 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон