Саридораи геология соли 2020 корҳои омӯзиши геологиро аз рӯи 22 лоиҳа ба анҷом расонид

Февраль 3, 2021 11:04

ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси ҳисоботи аз экспертизаи давлатӣ гузашта, захираҳои канданиҳои фоиданок, аз қабили тилло, нуқра, ангишт, оҳаксанг, гранит, гранодиорит, мармар, рег, хок, омехтаи регу шағал, гил тасдиқ гардида, ба тарози давлатӣ гузошта шуданд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Алимаҳмуд Ализода иброз намуд.

 «Саридора соли 2020 омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи  «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» ва «Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026» амалӣ намуда, корҳои омӯзиши геологиро бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 22 лоиҳа ба маблағи 7 000 000 сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷилло ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба анҷом расонид»,- изҳор намуд А. Ализода.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Саридораи геологияро якҷо бо вазорату идораҳои марбута вазифадор намуданд, ки ҷиҳати рушди саноати маъдан ва дигар соҳаҳои саноати коркард дар асоси таҳлили захираҳо вобаста ба дараҷаи омӯзиши геологии онҳо лоиҳаи Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияро барои солҳои 2021-2030 таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намояд.

Тавре Президенти мамлакат иброз намуданд, «имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 600 кон ва 800 зуҳурот кашф ва омӯхта шудаанд, ки дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ғайримаъданӣ мебошанд. Ҳоло ҳамагӣ 27 фоизи захираҳои зикршуда истихроҷ ва коркард шуда истодааст, ки чунин ҳолат барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мо қонеъкунанда нест».

Зикр гардид, ки тибқи лоиҳаи «Хадамоти давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогенӣ-геологӣ» дар асоси дархостҳо ва нақшаҳо дар 870 деҳаҳо, мавзеъҳо ва кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадқиқот гузаронида шудаанд. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ гузаронида шудаанд.

Февраль 3, 2021 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд