СЕ БАРОБАР КОҲИШ ЁФТ. Пандемия ба сайёҳии дохилии Тоҷикистон зарбаи сахт расонид

Февраль 12, 2021 14:01

ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Туризми дохилӣ дар Тоҷикистон соли 2020 дар муқоиса бо соли 2019 се баробар коҳиш ёфт. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Спутник» хабар медиҳад, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода имрӯз дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор намуд.

«Агар солҳои қаблӣ туризм тақрибан 0,3% ММД-и кишварро ташкил медод ва ба 2-3 миллион доллар баробар буд, пас соли гузашта ин рақам ба таври назаррас коҳиш ёфт», — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз ширкатҳо намедонанд, ки дар чунин шароит чӣ гуна рушд намоянд. «Дар соли 2019 шумораи сайёҳони дохилӣ 403 ҳазор нафар ва дар соли 2020 ҳамагӣ 185,6 ҳазор нафарро ташкил дод», — зикр намуд мавсуф.

Сабаби асосии коҳиши туризми дохилӣ, ба гуфтаи Т.Ҷӯразода, пеш аз ҳама, пандемияи коронавирус мебошад. Маҳз он ба саноати сайёҳӣ зарбаи сахт зад: меҳмонхонаҳо, истироҳатгоҳҳо, муассисаҳои хӯроки умумӣ баста шуданд, ҳунармандони ватанӣ, ки наметавонанд маснуоти худро фурӯшанд ва ризқу рӯзӣ ба даст оранд, сахт зарар диданд. Баъзе хидматрасониҳо дар соли гузашта комилан нолозим ва баста шуданд. Масалан, танҳо 10 хона сабт шуда буд, ки мехостанд сайёҳонро бо манзил таъмин кунанд, вале соли 2020 аз онҳо қариб нишон ҳам намондааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон 283 иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла 188 меҳмонхона, 26 хобгоҳ, 45 осоишгоҳ, 8 маркази табобатӣ ва 10 хонаи истироҳат мавҷуд аст. Илова бар ин, як пансионат, кемпинг, чор пойгоҳи  сайёҳӣ сабти ном шудаанд. Тибқи иттилои вазорат, соли 2020 32 иншооти сайёҳӣ ва 1 хона барои сайёҳон ба қайд гирифта шудаанд.

                                                           АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2021 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад