Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 437 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 437 ҳазор афзоиш ёфта, аз 108,29 миллион гузашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти имрӯзаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Ба ҳолати соати 10:00 (ба вақти Душанбе)-и 12 феврал, ба СУТ дар бораи 108 298 371 сироятшуда ва 2 378 863 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 437 575 нафар ва фавтидагон 13 029 нафар афзудааст.
Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 28 002 240. Баъд аз он Ҳиндустон (10 880 413), Бразилия (9 716 298), Россия (4 027 748), Британияи Кабир (3 998 655), Франсия (3 406 685), Испания (3 041 454), Италия (2 683 403), Туркия (2 564 427), Германия (2 321 215), Колумбия (2 179 641) ва Аргентина (2 008 345) қарор доранд.
АКС аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






