Шаш паҳлавони маъруфи тоҷик дар мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam 2021 иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18-20 феврали соли 2021 дар шаҳри Тел-Авиви Исроил мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam 2021 баргузор мегардад, ки дар он варзишгарони 69 давлати сайёра иштирок хоҳанд кард. Дар ин бора аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 462 нафар варзишгарон аз 69 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 паҳлавони шинохта- Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни — 73кг, Акмал Муродов дар вазни — 81кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни — 90кг ва Темур Раҳимов бо Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз +100кг намояндагӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар Исроил нахустин маротиба мусобиқаи Grand Slam доир карда мешавад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






