Шаш паҳлавони маъруфи тоҷик дар мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam 2021 ширкат меварзанд
ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18-20 феврал дар пойтахти Исроил – шаҳри Тел Авив мусобиқаи навбатӣ оид ба дзюдо – «Tel Aviv Grand Slam» баргузор мешавад, ки дар он шаш варзишгари маъруфи тоҷик: Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳарду дар вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов (+100кг) ширкат меварзанд.
Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур иштироки 437 нафар варзишгар (254 мард, 183 зан) аз 63 давлат дар назар аст.
Чун анъана дар рӯзи аввал – 18 феврал қувваозмоиҳои вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон сурат мегиранд. Дар рӯзи дуюм паҳлавонони вазнашон -73кг, -81кг миёни мардон, -63кг, -70кг миёни бонувон рақобат мекунанд. Мусобиқа бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон, -78кг, +78 миёни бонувон анҷом меёбад.
Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи «Tel Aviv Grand Slam» дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим карда мешавад. Барои ғолибон 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1500-долларӣ дар назар гирифта шудааст.
Ҳамчунин варзишгарон вобаста ба мавқеашон соҳиби холҳо мегарданд, ки аз рӯи он раддабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ шакл мегирад. Аз ҷумла, варзишгароне, ки ҷои аввалро мегиранд, 1000 хол, ҷои дуюм – 700 ва ҷои сеюм 500 хол ба даст меоранд.
Ёдовар мешавем, ки дар намуди дзюдо варзишгарон танҳо аз рӯи раддабандии олимпӣ ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпиро пайдо мекунанд. То анҷоми марҳилаи интихобӣ – 28 июни соли 2021 22 нафари беҳтарини ҳар категорияи вазнӣ соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд.
Ин дуюмин мусобиқа аз силсиламусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо дар соли 2021 мебошад. Моҳи январ дар Давҳаи Қатар мусобиқаи ситораҳои дзюдо баргузор гардид, ки дар он аз кишвари мо се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов иштирок намуданд. Натиҷаи беҳтарро дар ин мусобиқа Темур Раҳимов нишон дод – ӯ дар вазни +100кг ҷои панҷумро ишғол кард.
Варзишгарони тоҷик Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов аз дастгирии молиявии олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






