ШЕРАЛӢ МИРЗО: «ИСЛОҲОТИ ҲАРБӢ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ МАМЛАКАТ ИДОМА ДОРАД». Вазири мудофиаи Тоҷикистон ба саволҳои хабарнигори АМИТ «Ховар» посух дод

Февраль 23, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 23.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 феврал, аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол сипарӣ мешавад. Дар остонаи Рӯзи Артиши Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигори АМИТ  «Ховар» Марзия САИДЗОДА бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — полковник Шералӣ МИРЗО мусоҳиб шуд.   

АМИТ «ХОВАР»: — Муҳтарам вазир, қаблан  Шумо ва тамоми афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ табрик намуда, дар иҷрои вазифаи пуршараф – ҳимояи Ватан  комёбиҳо таманно менамоям. Мехостам мухтасар доир ба таърихи таъсис ва ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳ   маълумот медодед. 

ШЕРАЛӢ МИРЗО: — Ташаккур. Ман низ бо истифода аз фурсати муносиб тамоми афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро бо ин рӯзи таърихӣ табрик намуда, ба онҳо дар ҳифзи  марзу бум ва музаффарияти кишвар муваффақият орзу дорам. Мавриди зикр аст, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он ки  кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ шурӯъ намуд, вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне,  ташкили Артиши миллӣ дар ҷойи холӣ, аз сифр  шурӯъ шуд. 18 декабри соли 1992 аз ҷониби  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор  ва расман санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсис  марҳилаҳои гуногунро паси сар намуд. Давраи аввал ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки он муваффақона анҷом ёфт. Давраи дуюм — марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаи пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки он ҳанӯз идома дорад. Ва давраи асосӣ  бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвияти иқтидори ҷангии онро дарбар мегирад. Айни ҳол дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ — Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ фаъолият дошта, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар идома дорад.

АМИТ «ХОВАР»: — Артишро сипари  давлат меноманд. Бигӯед, ки дар шароити феълӣ омодагии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар кадом сатҳ аст?

ШЕРАЛӢ МИРЗО: — Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардонидани шароити моддӣ-техникӣ ва  вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхории пайваста зоҳир менамояд.  Ҳамасола тибқи нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳама гарнизонҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ маҷмӯи машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, тамринҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ ва стратегӣ, машғулияти омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва дигар чорабиниҳои низомӣ ташкилу  роҳандозӣ мешаванд. Танҳо давоми соли 2017 дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ беш аз сад ҳазор нафар шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта ба ҷамъомаду машғулияти гуногуни таълимӣ фаро гирифта шуданд. Илова бар ин, зиёда аз ҳазор адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву артиллерӣ, мошинҳои махсуси зиреҳдор, авиатсияи ҳарбӣ, мошинҳои боркашу нақлиётӣ дар машқҳои муштараки дохили кишвар истифода шуданд.

Батадриҷ баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ аз паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ, чи дар ҳудуди Тоҷикистон ва чи берун аз он дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар сол тибқи нақша пайваста машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ низ гузаронида мешаванд. Дар зарфи 28 соли фаъолият дар Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҳисоби афсарону сарбозон ҳазорҳо нафар мутахассисони соҳаҳои мухталифи ҷангӣ, аз қабили нишонгир-снайперҳо, парашутистон, минаҷӯён, тирандозон, нишонгиру ронанда, экипажи техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, ҳавонавардони ҳарбӣ ва дигар ихтисосҳое, ки барои Артиши миллии Тоҷикистон заруранд, омода гашта, дар комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҳайси неруҳои эҳтиётӣ ба қайд гирифта шудаанд.

АМИТ «ХОВАР»: — Вазорати мудофиа барои пуррагардонии афсарони касбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва омода кардани мутахассисони низомӣ чӣ тадбирҳо андешидааст? 

ШЕРАЛӢ МИРЗО:  —  Сафҳои Артиши миллӣ асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва Академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷии дуру наздик бо афсарони касбӣ пурра гардонида мешаванд. То ин дам аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳамасола беш аз 200 нафар афсарони касбӣ онро аз рӯи 18 ихтисос хатм менамоянд, зиёда аз 4 ҳазор нафар ба ҳайати ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохтору мақомоти қудратии кишвар шомил гардидаанд. Инчунин ҳамасола афсарон ва курсантони тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Чин, Покистон, Чехия баҳри таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд. Тадбирҳои саривақтӣ вобаста ба тайёр намудани мутахассисон дар ин мактабҳои олӣ имконият фароҳам овард, ки сафи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ бо афсарони касбӣ пурра гардонида шаванд. Айни ҳол дар муассисаҳои олии таълимии ҳарбии кишварҳои ба мо дӯсту ҳампаймон, яъне Академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбӣ қариб 600 нафар курсант ва беш аз 120 нафар шунаванда таҳсили илми низомӣ менамоянд.

АМИТ «ХОВАР»: — Тоҷикистон  бо кадом давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ ба роҳ мондааст?  

ШЕРАЛӢ МИРЗО:  — Ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳои мудофиаи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои мухталифи низомӣ, омодасозии афсарони касбӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони кишвар ба роҳ монда шудааст. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории самарабахшро бо созмонҳои байналмилалӣ, назири Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), «Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Дастгирии кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи проблемаҳои минаҳо» ва дигар ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ густариш додааст. Айни замон Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 50 кишвари олам ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии дуҷонибаву бисёрҷониба ба роҳ мондааст.

АМИТ «ХОВАР»: — Раванди таълиму тарбия дар Қувваҳои Мусаллаҳи  мамлакат чӣ гуна  ба роҳ монда шудааст?  

ШЕРАЛӢ МИРЗО:  — 20 феврали соли 2015 бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба имзо расидонида шуд. Ин Консепсия  тартиб, моҳият ва мавқеи низоми корҳои сиёсию тарбиявиро вобаста ба амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, таъмини ҳолати ахлоқию рӯҳии ҳайати шахсӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун, таҳкими интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани мақом ва обрӯю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷомеа таъмин менамояд. Мусаллам аст, ки сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон аз маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, такмили донишҳои сиёсиву низомӣ ва ба эҳсоси баланди ватандӯстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад.  Ин аст, ки хизматчиёни ҳарбии қисму воҳидҳои низомӣ иштирокчиёни фаъоли ҳама гуна чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявианд.

АМИТ «ХОВАР»: — Барои  риояи интизоми ҳарбӣ, қонуният ва оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ кадом корҳо анҷом дода шудаанд?

ШЕРАЛӢ МИРЗО: Бо мақсади пешгирии қонуншиканӣ, аз байн бурдани сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ ва дигар рафторҳои ғайриоинномавӣ дар миёни ҳайати шахсии ҷузъу томҳо корҳои тарғиботию ташвиқотиро вобаста ба нақшаи пешбинишудаи фаъолият дар қисмҳои низомӣ бо хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ, асосан ҷиҳати пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонуният ва талаботи бечунучарои оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ муташаккилона ба роҳ мемонанд. Дар ин замина, дастурамалҳои методӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, китобу дигар маҷмӯаҳои илмӣ-методӣ ба табъ расонида шуда, барномаҳои телевизионӣ, филмҳои тарғибкунандаи ватандӯстӣ таҳия ва манзури хизматчиёни ҳарбӣ гардонида мешаванд. Ҳамзамон дар қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва маишиву фароғатӣ доир мегарданд. Дар тамоми ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи кишвар мавзеъҳои истироҳатӣ, китобхона ва дигар толорҳои фарҳангиву фароғатӣ муҳайё гаштаанд. Инчунин Вазорати мудофиаи кишвар ҳамкории судмандро бо тамоми вазорату кумитаҳо, сохтору мақомоти давлативу қудратӣ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷанговарони башардӯст, волидони хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар афроди некбини ҷомеа таҳким бахшида, дар ин замина корҳои зиёду назаррасеро амалӣ менамояд. Инчунин барои тақвияти робитаи хизматчиёни ҳарбӣ бо аҳли ҷомеа пайваста дар қисму воҳидҳои низомӣ суҳбату вохӯрии сарбозон бо волидону толибилмони мактабҳои миёна, ҷавонони то синни даъватӣ, масъулини вазорату кумитаҳо, идораҳои давлатӣ, аҳли зиёи мамлакат ва шоирону адибони маъруфи кишвар доир гардида, ҳамчунин  маҳфилу озмунҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида мешаванд.

АМИТ «ХОВАР»: — Раванди бунёдкориҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна ҷараён дорад?

ШЕРАЛӢ МИРЗО: — Солҳои аввали истиқлол ҷузъу томҳои навтаъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар пойгоҳҳои муассисаҳои гуногуни давлатӣ таъсис ёфта буданд. Батадриҷ қисмҳои низомӣ вобаста ба ҳадафу вазифаҳои таъсису уҳдадорӣ аз ҳудуди пойтахт ва аз дигар мавзеъҳои наздик ба минтақаҳои аҳолинишин бароварда шуда, дар мавқеъҳои стратегии мамлакат мустақар гардиданд.

Артиши миллӣ дар зарфи 28 сол маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд намуда, дар гарнизонҳои Хатлону Суғд, Хоруғ, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ садҳо биноҳои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ бо сифати баланд, меъёри ҳарбӣ ва талаботи муосири низомӣ мавриди истифода дода шуданд.

АМИТ «ХОВАР»: — Вазорати мудофиа  баҳри  таъмини хизматчиёни ҳарбӣ ва узви оилаҳои онҳо бо манзили истиқоматӣ чӣ гуна тадбирҳо меандешад?

ШЕРАЛӢ МИРЗО: Таъмини хизматчиёни ҳарбӣ ва узви оилаҳои онҳо бо манзили истиқоматӣ доимо дар маркази таваҷҷуҳи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дорад ва баҳри иҷрои ин мақсад аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар корҳои зиёде амалӣ гардонида шуданд. Дар ҳудуди вилоятҳо ва пойтахти кишвар танҳо аз Вазорати мудофиаи мамлакат наздики 600 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо бо манзили зист таъмин гардиданд ва  бунёди хонаҳои истиқоматӣ ё худ шаҳраки низомиён барои афсарону оилаҳои онҳо ҳамоно идома доранд.

АМИТ «ХОВАР»: — Ҷисман обутоб ёфтани афсарону сарбозон ва дар маҷмӯъ баланд бароштани иқтидори омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ба варзиш сахт рабт дорад…

ШЕРАЛӢ МИРЗО: — Бале, воқеан чунин аст. Бо мақсади ҷисман обутоб ёфтани афсарону сарбозон, баланд бардоштани маҳорату малакаи ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ аз соли 2003 дар тобеияти Вазорати мудофиа Клуби марказии варзишии артиш амал мекунад. Он яке аз шохаҳои боэътимоди варзиши ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, варзишгарони он ба ҳайати дастаҳои мунтахаби кишвар шомиланд. Онҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш дар садҳо мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат намуда, ба зинаҳои намоёни ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Варзишгарони Клуби марказии варзишии артиш барои рушди варзиши ҳарбӣ саҳми арзанда гузошта, ҳамасола дар мусобиқаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, сазовори медалҳои тиллоиву нуқра,  биринҷӣ, ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои арзанда мегарданд. Барои рушди варзиш ҷавонону наврасон бахусус хизматчиёни ҳарбӣ дар қисмҳои низомии Вазорати мудофиа толору майдончаҳои хуби варзишӣ ва барои обу тоби бадан дигар шароитҳои зарурӣ муҳайё гардонида шудааст, ки имкон медиҳад, тамоми машғулиятҳои ҷисмонӣ сари вақт ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шаванд. Айни ҳол дар тобеияти ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа дастаҳои варзишгар амал карда, онҳо дар тамоми мусобиқаҳо фаъолона ширкат менамоянд.Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ аз ҷониби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи кишвар ва дигар масъулини марбутаи ин ниҳоди қудратӣ, чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ва фароғативу варзишӣ гузаронида шуданд. Инчунин бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи мамлакат ва хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ шиори «Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо неруи тоза, омодабошии баланди ҷангӣ ва интизоми намунавӣ истиқбол мегирем»-ро қабул намуданд, ки дар ин замина дар радифи корҳои созандагӣ ва тақвияти самтҳои фаъолияти соҳавӣ, инчунин то охири соли 2021 чорабиниҳои сиёсиву низомӣ ва фарҳангиву варишӣ гузаронида мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки  талаботи қонунҳои амалкунанда, амру супоришҳо ва иқдому ташаббусҳое, ки бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ ва кулли хизматчиёни ҳарбӣ гузошта мешаванд, аз тарафи хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ сари вақт ва бо сарбаландӣ иҷро мегарданд. Афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-модар ва халқу давлат сарбаландона иҷро намуда, донишу  таҷриба ва малакаю маҳорати худро баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таъмини оромию субот дар кишвар равона менамоянд.

Февраль 23, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад