Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар доираи баргузории Форум табодули таҷриба менамоянд

Февраль 26, 2021 09:39

ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ояндаи наздик Форуми ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар шакли маҷозӣ доир шавад, ки дар он масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории сайёҳӣ байни ду кишвар баррасӣ гарданд.  Чунин зикр шуд дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода  бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ.

Аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар бахши сайёҳӣ матраҳ гардида, атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт. Сафири Ҳиндустон ҳавасмандии кишварашро барои тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии таърихию фарҳангӣ,  кӯҳнавардию солимгардонӣ изҳор намуд.

Зикр шуд, ки ду кишвари дӯстро аз қаъри асрҳо фарҳангу анъанаҳои муштарак бо ҳам пайваст менамоянд. Ба роҳ мондани омӯзиши мутахассисони тоҷик дар самти идоракунӣ, технологияи иттилоотӣ, рушди соҳибкорӣ ва сайёҳӣ идомаи равобити муштараки илмию фарҳангии Тоҷикистон ва Ҳиндустон аст.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи пешрафтаи Ҳиндустон дар соҳаи сайёҳӣ пешниҳод намуд, ки барои ҷалби сайёҳони ду кишвар форуми ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар шакли маҷозӣ сурат гирад. Дипломати  Ҳинд пешниҳодро бо хушӣ истиқбол намуда, барои иқдомҳои муштарак дар ин самт изҳори омодагӣ намуд.

Февраль 26, 2021 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд