Соли гузашта содироти мол аз Тоҷикистон ба Афғонистон, Покистон, Италия ва Белгия афзоиш ёфтааст

Февраль 18, 2021 14:16

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон соли  гузашта бо 108 кишвари ҷаҳон  муомилоти молӣ анҷом додааст, ки дар  натиҷа 75 номгӯй гурӯҳи молӣ ба хориҷи кишвар содир гардидааст. Аз ҳаҷми умумии содирот 22 фоиз ё 288,6 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи наздик ва 78 фоиз — 1023,3 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд. Ҳаҷми асосии содироти мол ба давлатҳои Туркия 15,5 фоиз, Қазоқистон 11,6 фоиз Афғонистон 5,3 фоиз, Ӯзбекистон 6,3 фоиз, Чин 2,6 фоиз, Россия 3,1 фоиз, Белгия 2,4 фоиз ва Италия 1,2 фоизро ташкил медиҳад.

Тавре имрӯз муовини аввали Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, дар содироти молҳои ватанӣ  вазни қиёсии  асосиро  маъданҳо ва консентратҳо 12,1 фоиз  ё ин ки 158,3 миллион доллар, нахи пахта 10,4 фоиз — 136 миллион  доллар, семент 4,6 фоиз — 59,7 миллион доллар, ресмони пахтагӣ 2,8 фоиз — 36 миллион доллар, маҳсулоти меваю сабзавот 1,5 фоиз -19,5 миллион доллар, шарбатҳо ва шираи растаниҳо 0,5 фоиз — 6 миллион долларро ташкил медиҳанд.

Соли гузашта нисбат ба соли 2019 содироти мол ба кишварҳои Ӯзбекистон ба андозаи 89,7 миллион доллар, Туркия 30,8 миллион  доллар, Чин 21,1 миллион доллар, Эрон 8,8 миллион доллар, Россия 3,3 миллион доллар ва Қазоқистон 66,2 миллион доллар коҳиш ёфта, ин нишондиҳанда бо кишварҳои Афғонистон 30 миллион доллар, Белгия 11,2 миллион доллар, Италия 4,4 миллион доллар ва Покистон 3,8 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Февраль 18, 2021 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар