Соли гузашта содироти мол аз Тоҷикистон ба Афғонистон, Покистон, Италия ва Белгия афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон соли гузашта бо 108 кишвари ҷаҳон муомилоти молӣ анҷом додааст, ки дар натиҷа 75 номгӯй гурӯҳи молӣ ба хориҷи кишвар содир гардидааст. Аз ҳаҷми умумии содирот 22 фоиз ё 288,6 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи наздик ва 78 фоиз — 1023,3 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд. Ҳаҷми асосии содироти мол ба давлатҳои Туркия 15,5 фоиз, Қазоқистон 11,6 фоиз Афғонистон 5,3 фоиз, Ӯзбекистон 6,3 фоиз, Чин 2,6 фоиз, Россия 3,1 фоиз, Белгия 2,4 фоиз ва Италия 1,2 фоизро ташкил медиҳад.
Тавре имрӯз муовини аввали Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, дар содироти молҳои ватанӣ вазни қиёсии асосиро маъданҳо ва консентратҳо 12,1 фоиз ё ин ки 158,3 миллион доллар, нахи пахта 10,4 фоиз — 136 миллион доллар, семент 4,6 фоиз — 59,7 миллион доллар, ресмони пахтагӣ 2,8 фоиз — 36 миллион доллар, маҳсулоти меваю сабзавот 1,5 фоиз -19,5 миллион доллар, шарбатҳо ва шираи растаниҳо 0,5 фоиз — 6 миллион долларро ташкил медиҳанд.
Соли гузашта нисбат ба соли 2019 содироти мол ба кишварҳои Ӯзбекистон ба андозаи 89,7 миллион доллар, Туркия 30,8 миллион доллар, Чин 21,1 миллион доллар, Эрон 8,8 миллион доллар, Россия 3,3 миллион доллар ва Қазоқистон 66,2 миллион доллар коҳиш ёфта, ин нишондиҳанда бо кишварҳои Афғонистон 30 миллион доллар, Белгия 11,2 миллион доллар, Италия 4,4 миллион доллар ва Покистон 3,8 миллион доллар афзоиш ёфтааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






