Сулаймон Зиёзода: Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ 6862 тонна маҳсулот бо нархи арзон пешниҳод шуд

Февраль 9, 2021 16:21

ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани нархҳои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки хоҷагиҳои кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе мунтазам ярмарка- фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуда, 6862 тонна маҳсулот бо нархи нисбат ба бозор арзон пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд.

Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Вазорати кишоварзии мамлкат дар соли сипаригардида иброз намуд, ки мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2020 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 33607,1 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ ба андозаи 8,8 фоиз зиёд мебошад.

Мавсуф зикр дошт, ки яке аз соҳаҳои кишоварзӣ- ин парандапарварӣ  мебошад, ки дар таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор мавқеи намоён дорад. Айни замон дар миқёси ҷумҳурӣ 177 адад корхонаҳои парандапарварӣ фаъолият намуда истодаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43 адад зиёд аст. Нисбат ба соли гузашта истеҳсоли гўшти паранда 1,9 баробар зиёд гардида, 30,6 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки 23,9 ҳазор тонна ё 78,2 фоиз ба хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ рост омада, нисбат ба моҳҳои январ- декабри соли 2019 2,4 баробар зиёд мебошад.

Дар ҷараёни нишаст иброз гардид, ки соли гузашта соҳаи моҳипарварӣ низ рушд ёфта, марҳила ба марҳила шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ, масоҳати ҳавзҳо ва истеҳсоли моҳӣ зиёд гардида истодааст. Ҳоло дар миқёси ҷумҳурӣ 352 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ бо масоҳати 2713,4 гектар ҳавзҳои моҳипарварӣ мавҷуд мебошанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи хоҷагиҳо 52 адад зиёд гардидааст.

«Вазорати кишоварзии мамлакат дар соли 2021 дар самти растанипарварӣ бо мақсади афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар ҷиҳати зиёд намудани майдони кишту кори зироати кишоварзӣ, махсусан картошка ва ғалладонагиҳо чораҷўӣ менамояд»,- гуфт Сулаймон Зиёзода.

Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки тадбирҳои зарурӣ барои муташаккилона гузаронидани маъркаи зимистонгузаронии чорво ва дар ин давра бо хўрока таъмин намудани талаботи саршумори чорво, бо истифодаи имтиёзҳои андозиву гумрукӣ марҳила ба марҳила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ, беҳтар намудани фаъолияти нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ, ташкили нуқтаҳои нав, дар ин замина афзун намудани саршумори чорвои зотӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорво яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кишоварзон мебошад.

Февраль 9, 2021 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст