ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 феврал, душанбе, 39-умин рӯзи соли 2021 аст
8 феврали соли 2010 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз ҷумла, дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва сайёҳӣ баррасӣ шуд.
***
7 сол пеш, 8 феврали соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳи Бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия иштирок намуданд. Дар ин маросим роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми зиёда аз 80 кишвар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи генералии шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ тасдиқ карда шуд.
8 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи илм дар Федератсияи Россия.
РӮЙДОДҲО:
8 феврали соли 2009 Президенти вақти Афғонистон Ҳомид Карзай пайравони ҳаракати «Толибон»-ро ба сулҳ даъват намуд. Ӯ ба ҳамаи «Толибон» пешниҳод намуд, ки нафарони ба «Ал-Қоида» ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ҳамкорӣ надошта ба хонаҳояшон баргарданд ва «зиндагии хуб» гузаронанд.
***
8 феврали соли 2011 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров узви Шӯрои Иттиҳодияи парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ интихоб гардид.
***
10 сол пеш, 8 феврали соли 2011 дар шабакаи умумиҷаҳонии Интернет сомонаи нав — www.mahmudnoma.tj — дар бораи асосгузори театри касбии тоҷик Ҳомид Маҳмудов кушода шуд.
***
8 феврали соли 2013 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия созишнома ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 1919 миёни Париж ва Лондон хатсайри ҳавоӣ ифтитоҳ гардид.
***
8 феврали соли 1931 маросими ботантанаи ифтитоҳи пойтахти нави Ҳиндустон – Ню-Деҳлӣ баргузор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1919 духтури чикагоӣ Ҷеймс Херрик аввалин маротиба дар таърихи олам кардиограммаи нуқси дилро нашр намуд.








Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид






