ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 феврал, душанбе, 39-умин рӯзи соли 2021 аст

Февраль 8, 2021 08:00

8 феврали соли 2010 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз ҷумла, дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва сайёҳӣ баррасӣ шуд.

***

7 сол пеш, 8 феврали соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳи Бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия иштирок намуданд. Дар ин маросим роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми зиёда аз 80 кишвар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2016 барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи генералии шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ тасдиқ карда шуд.

8 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи илм дар Федератсияи  Россия.

 РӮЙДОДҲО:

8 феврали соли 2009 Президенти вақти Афғонистон  Ҳомид Карзай пайравони ҳаракати «Толибон»-ро ба сулҳ даъват намуд. Ӯ ба ҳамаи «Толибон» пешниҳод намуд, ки нафарони ба «Ал-Қоида» ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ҳамкорӣ надошта ба хонаҳояшон баргарданд ва «зиндагии хуб» гузаронанд.

***

8 феврали соли 2011 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров узви Шӯрои Иттиҳодияи парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ интихоб гардид.

***

10 сол пеш, 8 феврали соли 2011 дар шабакаи умумиҷаҳонии Интернет  сомонаи нав — www.mahmudnoma.tj  — дар бораи асосгузори театри касбии тоҷик Ҳомид Маҳмудов кушода шуд.

***

8 феврали соли 2013 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия созишнома ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 1919 миёни Париж ва Лондон хатсайри ҳавоӣ ифтитоҳ гардид.

***

8 феврали соли 1931 маросими ботантанаи ифтитоҳи пойтахти нави Ҳиндустон – Ню-Деҳлӣ баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1919 духтури чикагоӣ Ҷеймс Херрик аввалин маротиба дар  таърихи олам кардиограммаи нуқси дилро нашр намуд.

Февраль 8, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд