ТАВАҶҶУҲ, ЭҲТИЁТ ШАВЕД! «Штамми британиягӣ»-и коронавирус ба Ӯзбекистон омад
ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар Ӯзбекистон «штамми британиягӣ»-и навъи нави коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи шанбе, 30 январ, муовини вазири тандурустӣ, сардори Хадамоти беҳдошти санитарию эпидемиологӣ ва саломатии ҷомеаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодир Юсупалиев иттилоъ дод.
Маълум шуд, ки шахси сироятшуда сокини Тошканд, духтари 10-солаи мактабхон, ки ҳамроҳи хонаводааш ба Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) сафар кардааст, будааст. 23 январи соли равон ӯ ба Ӯзбекистон баргаштааст.
Дар фурудгоҳи байналмилалӣ, пас аз санҷиши шаҳрванд дар ӯ натиҷаи мусбат ба қайд гирифта шудааст. Беморро фавран ба беморхонаи сироятӣ интиқол доданд. Маълум гардид, ки бемории ӯ бидуни нишона будааст.
Ҳоло вазъи духтар қаноатбахш буда, шикояте нест, ӯ тибқи стандартҳои тиббии дахлдор табобат мегирад. Аъзои оилааш дар карантини хонагӣ қарор доранд.
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон аз аҳолӣ даъват кард, ки ҳушёр бошанд, ниқоби тиббиро дуруст ва мунтазам дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҷойҳои корӣ пӯшанд, масофаи иҷтимоиро риоя намоянд ва дастҳои худро бо собун бештар шӯянд. Ҳамчунин хоҳиш карда мешавад, ки дар сурати зарурат аз сафар ба хориҷа муваққатан худдорӣ кунанд.
Сардори Хадамоти беҳдошти санитарию эпидемиологӣ ва саломатии ҷомеаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодир Юсупалиев ҳамчунин гуфт, ки дар сурати аз ҷониби шаҳрвандон риоя накардани қоидаҳои маҳдудкунанда, Ӯзбекистон метавонад дар парвозҳои ҳавоӣ маҳдудият ҷорӣ намояд.
Ба гуфтаи ӯ, пандемия ҳанӯз ба охир нарасидааст, мубориза бо сирояти коронавирус идома дорад, ҳолатҳои нави сироят ва штаммҳо ба назар мерасанд.
Бо қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза бар зидди коронавирус, манъи парвози ҳавопаймоҳои байналмилалӣ /воридотӣ, берунӣ ва транзитӣ/ бо Британияи Кабир, Италия, Германия, Дания, Австрия, Австралия, Нидерланд ва Африқои Ҷанубӣ ба Ӯзбекистон то 1 марти соли равон тамдид карда шуд, хабар дод рӯзи 29 январ хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
АКС аз манобеи боз








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






