Тоҷикистон барои омӯзиши пиряхҳо беш аз чоряк миллион сомонӣ ҷудо кард
ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 маҷмӯан 25 миллиону 367 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Дар ин бора дирӯз раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт.
Вай зикр намуд, ки дар доираи ин барнома соли 2014 Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис ёфт, ки айни замон пурра фаъолият мекунад. Мутахассисони марказ якчанд чорабиниҳоро, аз ҷумла омӯзиши пиряхи Федченко ва дигар пиряхҳои калонтарини кишварро ба нақша гирифтаанд.
Ба гуфтаи Шерализода, Тоҷикистон соли гузашта ба Системаи Муттаҳидаи Мониторинги Пиряхҳо шомил шуд. Дар айни замон муҳосибаи дақиқи пиряхҳо сурат мегирад ва ҳолати онҳо омӯхта мешавад. Солҳои 2019 ва 2020 бо ин мақсад зиёда аз 20 экспедитсия ташкил карда шуд.
Пештар хабар дода будем, ки Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои татбиқи лоиҳаи омӯзиши пиряхҳо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 миллион доллар грант ҷудо мекунад. Гранти мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи миллӣ оид ба мудирияти хатари офатҳои табиӣ ҷудо карда мешавад.
Ҳамин ки пиряхҳо дар ҷумҳурӣ муҳосиба ва ҳолати онҳо омӯхта шуд, Маркази илмии пиряхҳои Академияи миллии Тоҷикистон 12 ҷилд феҳрасти пиряхҳои Тоҷикистонро нашр мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 барои мониторинг ва омӯзиши доимии пиряхҳо дар Тоҷикистон таҳия шудааст. Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор пиряхҳо мавҷуданд, ки тақрибан 8% масоҳати умумии кишварро ишғол мекунанд. Дар онҳо тақрибан 550 метри мукааб оби ошомиданӣ ҷамъ шудааст ва онҳо маҷрои тақрибан нисфи дарёҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Тоҷикистон маркази бузургтарини яхбандии муосир дар Осиёи Марказӣ буда, пиряхҳои воқеъ дар қаламрави он на танҳо махзанҳои об, балки танзимкунандаи маҷрои дарёҳо ва иқлим низ мебошанд.
Тибқи маълумоти охирин, аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар тӯли 30 соли охир беш аз 1000 пирях нобуд шудаанд.
АКС аз сомонаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Ашт боғи интенсивӣ бо усули объёрии қатрагӣ ва боронӣ ташкил карда шудааст
Дар Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Минбаъд 12 декабр Рӯзи кормандони мақомоти аудити давлатӣ таҷлил мегардад
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Корпоратсияи саҳомии молиявии «Система»-и Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони байналмилалии IFSB ҳамоиш баргузор гардид
Байни Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Идораи аудити давлатии Гурҷистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо рафти кишти такрорӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Дар Душанбе вохӯрии якуми Шурои кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Масъалаи таҳвили нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз Эрон ба Тоҷикистон баррасӣ шуд
Сарвазири Гурҷистон аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Тоҷикистон боздид намуд
Дар Бишкек масъалаи татбиқи лоиҳаи Хати лӯлаи гази транзитии «Осиёи Марказӣ – Чин» баррасӣ шуд






