«Толибон»* робитаашро бо «Ал-Қоида»* накандааст

Февраль 24, 2021 16:45

ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта Эдмунд Браун, ҳамоҳангсози гурӯҳи назоратии СММ аз қатъ нашудани робитаҳои «Толибон»* бо шабакаи «Ал-Қоида» иттилоъ додааст.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии NBC News хабар медиҳад.

Вай, ки фаъолияти «Толибон»* ва дигар шӯришиёнро дар Афғонистон назорат мекунад, гуфт, ки «Толибон»* бо вуҷуди уҳдадориҳои худ дар тавофуқномаи Давҳа бо ИМА, ба қатъи ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ ба ҷангиёни хориҷӣ иҷозат медиҳад, то дар Афғонистон омӯзиш бигиранд ва ҷангҷӯёнро дар канори неруҳои худ ҷобаҷо мекунад ва робитаи наздикро бо «Ал-Қоида»* идома медиҳад.

Вай бовар дорад, ки роҳбарияти олии «Ал-Қоида»*  зери ҳимояти «Толибон»* аст.

Гурӯҳи назоратии СММ низ гузориш додааст, ки дар 11 вилояти Афғонистон аз 200 то 500 ҷангҷӯи шабакаи «Ал-Қоида» ҳузур доранд.

Дар асоси ин гузориш, ҷангиёни «Ал-Қоида»* ва «Толибон»* даҳсолаҳо якҷоя зиндагӣ карда, мубориза мебурданд ва аз ҳам ҷудо шудан барояшон душвор хоҳад буд.

Аммо «Толибон»* қаблан ҳар гуна иртиботро бо ҷангиёни хориҷӣ рад карда буданд.

 

АКС аз манбаҳои боз

______________________________________

 * «Ал-Қоида» ва «Толибон» – ташкилот ва ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар

Февраль 24, 2021 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд