МУБОРАК БОД! Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи футболи Тоҷикистон ғолиби «Ҷоми рушд-2021» дар Минск гардид

Февраль 8, 2021 08:20

ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ғолиби мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2021» гардид, ки 6 феврал дар Минск ба анҷом расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Дар бозии охирони худ ба муқобили мизбони мусобиқа дастаи  миллии Беларус наврасони тоҷик бо ҳисоби 4:1 ғалаба ба даст оварданд. Голҳоро аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон Аббос Андалибов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Сунатулло Азизов ва Амирҷони Фаррухзод ба ҳадаф расониданд.

Пас аз ин ғалаба наврасони мо соҳиби 3 имтиёз шуда, шумораи умумии имтиёзҳояшонро ба 9 адад расониданд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан наврасони мо дар ду бозии аввали худ ба муқобили дастаҳои миллии Қазоқистон (7: 1) ва Молдова (5:1) ғалаба ба даст оварда буд ва қабл аз муҳлат чемпиони мусобиқа шуд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2021»

Даври 3-юм

Беларус (U-17) — ТОҶИКИСТОН (U-17) — 1:4

Голҳо: Иван Агеев, 37 (1: 0). Аббос Андалибов, 38 (1: 1). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 54 (1: 2). Сунатулло Азизов, 64 (1: 3). Амирҷони Фаррухзод, 89 — аз ҷаримаи 11 метра (1: 4).

Молдова (U-17) — Қазоқистон (U-17) — 0: 5

АКС аз ФФТ

Февраль 8, 2021 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад