Автомашинаи муовини вазири кишоварзии Афғонистон ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт

Февраль 8, 2021 16:20

ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Шабакаи иттилоотии Афғонистон TOLOnews бо истинод ба полиси Кобул хабар додааст, ки таркиш тақрибан соати 11:20 дақиқаи имрӯз, 8 феврал, дар минтақаи шаҳраки Умеди пойтахти Афғонистон рух додааст.

Як манбаъ ба TOLOnews гуфтааст, ки таркиш дар ғарби Кобул рух дод ва автомашинае ки дар дохили он Абдулҳодӣ Рофеӣ, муовини вазири кишоварзӣ, обёрӣ ва чорводории Афғонистон қарор дошт, ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт. Дар натиҷаи таркиш ду нафар захмӣ шудаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳамлаҳои ҳадафнок дар Кобул дар ҳафтаҳои охир афзоиш ёфтаанд.

То ҳол ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон» (мамнуъ дар Тоҷикистон) масъулияти ин таркишро бар дӯш нагирифтааст.

Февраль 8, 2021 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд