Автомашинаи муовини вазири кишоварзии Афғонистон ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шабакаи иттилоотии Афғонистон TOLOnews бо истинод ба полиси Кобул хабар додааст, ки таркиш тақрибан соати 11:20 дақиқаи имрӯз, 8 феврал, дар минтақаи шаҳраки Умеди пойтахти Афғонистон рух додааст.
Як манбаъ ба TOLOnews гуфтааст, ки таркиш дар ғарби Кобул рух дод ва автомашинае ки дар дохили он Абдулҳодӣ Рофеӣ, муовини вазири кишоварзӣ, обёрӣ ва чорводории Афғонистон қарор дошт, ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт. Дар натиҷаи таркиш ду нафар захмӣ шудаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки ҳамлаҳои ҳадафнок дар Кобул дар ҳафтаҳои охир афзоиш ёфтаанд.
То ҳол ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон» (мамнуъ дар Тоҷикистон) масъулияти ин таркишро бар дӯш нагирифтааст.








Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид






