Вазири тандурустии Тоҷикистон бо фаъолияти муассисаҳои тиббии якчанд ноҳияҳо шинос шуд

Февраль 25, 2021 09:54

ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар ноҳияҳои Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, ноҳияи Рӯдакӣ ва дар Ваҳдат бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ, таъмири шуъбаҳои бемориҳои сироятӣ ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шинос шуд.

Тавре  маркази матбуоти вазорат иттилоъ медиҳад, дар ноҳияи Фархор Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулин дастурҳои мушаххас дод, то сохтмони шуъбаи бемориҳои сироятии бемористони марказии вилоят ва дармонгоҳро дар сатҳи баланд ба анҷом расонанд.

Дар беморхонаи марказии Ваҳдат Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  таъмири шуъбаи бемориҳои сироятиро назорат карда, инчунин бо роҳбарият ва кормандони он мулоқот намуд.

Февраль 25, 2021 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе