Зарари расонидаи озодапаланг дар Бадахшон ҷуброн мешавад

Февраль 2, 2021 15:30

ДУШАНБЕ, 02.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба оилаҳои сокинони Ҷамоати деҳоти ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки чанде қабл бабри  барфӣ вориди оғилхонаҳояшон гардида, 45 сар чорвои майдаи онҳоро туъмаи худ намуда буд, товони зарар ба ҳар сар чорвои талафёта дар ҳаҷми 300 сомонӣ дода мешавад. Ин матлабро имрӯз дар ҷараёни нишасти хабарӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити  зисти   назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода тасдиқ намуд.

Чанде қабл бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ишкошими Бадахшон иттилоъ дода буд, ки  ба оғилхонаҳои сокинони Ҷамоати деҳоти ноҳияи Ишкошим бабри барфӣ ё озодапаланг ворид гардида, дар маҷмӯъ 45 сар чорвои  шохдори майдаро ба ҳалокат расонидааст. Аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи мазкур бабри барфӣ дастгир гардида, бидуни расонидани ягон осеб дар минтақаи кӯҳӣ тибқи қоидаҳои бехатарии махсус раҳо карда шуд.

Ба қавли коршиносон, асосан бабрҳои барфии калонсол, ки фасли зимистон дар муҳити кӯҳсор аз паси сайд ҷуръати босуръати баланд давидан надоранд, ба оғилхонаҳои сокинони маҳал даромада, ҳайвоноти майдаи шохдорро тӯъмаи худ қарор медиҳанд. Инчунин омили дигари  ба чорвои сокинон ҳамла намудани бабрҳои барфӣ- ин таъсири сокинон ба экосистемаи бабри барфӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи 12 кишвари дорои макони зисти озодапаланг дар ҷаҳон шинохта шудааст. Озодапаланг ҳайвони кӯҳии нодир маҳсуб ёфта, ба Китоби сурхи ҷаҳонӣ ва Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидааст. Мавҷуд будани макони зисти бабри барфӣ дар ҳар кишвар бозгӯи поктарин экосистема аст. Дар Тоҷикистон ҳудуди зисти ин ҷонвар 86 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, 70 дарсади макони зисти он дар ВМКБ ҷойгир аст. Ин ҳайвони нодир дар баландиҳои аз 2,5 то 5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ва ҳатто аз он ҳам бештар сукунат мекунад. Бо зебогии андом, озодапарастӣ ва амалҳои хосаш ӯ тавваҷуҳи табиатдӯстонро ба худ ҷалб менамояд.

Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзеъҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда васеъ гардида, аз 6 то ба 21 фоизи ҳудуди умумии ҷумҳурӣ расонида шуд, ки барои сукунат ва зиёд гардидани саршумори ҳайвоноту парандагони нодир шароити мусоид фароҳам меоварад.

Февраль 2, 2021 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст