22 март Форуми II байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 13.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 марти соли равон дар пойтахт Форуми II байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 12 марти соли равон нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Форуми мазкур, ҳайати кумитаи тадорукот ва ҳисобномаи хароҷотии баргузории он тасдиқ гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Форуми мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти шаҳр ҷиҳати эълон гардидани “Душанбе — пойтахти фарҳангии Иттиҳод — 2021”, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 марти соли 2021 тасдиқ гардидааст, инчунин ташвиқу тарғиби ғояҳои созандагии Иди байналмилалии Наврўз, фарҳангу таърихи миллати тоҷик, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат, ҷалби сайёҳон, саромоягузорӣ, рушди имкониятҳои соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкории бародаршаҳрӣ роҳандозӣ мегардад.
Тибқи қарори мазкур Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда барои баргузории Форуми мазкур 427640 (чорсаду бисту ҳафт ҳазору шашсаду чил) сомонӣ ҷудо намуд.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






