3 апрел дар Ҳисор бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 30.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2021 миёни чемпиони феълии Тоҷикистон-дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва барандаи Ҷоми миллии ҷумҳурӣ- дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад. Вохӯрии мазкур соати 16:00 бо вақти Душанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мешавад. Дохил шудани тамошобинон ба варзишгоҳ ройгон аст.
Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ин 12-умин бозии Суперҷоми Тоҷикистон мебошад, ки аз соли 2010 баргузор мешавад. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе 9 карат- солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019 ва 2020 ғолиби Суперҷоми мамлакат гардидааст. Соли 2013 Суперҷомро дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва соли 2017 дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ба даст овардаанд.
3 апрел (шанбе)
Оғози бозӣ 16:00
«Истиқлол» – «Равшан»
Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
Ҳамаи рақобатҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2020):
2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиклол» (Душанбе) – 0:5
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Бо пеналти – 4:3
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хосилот» (Фархор) – 1:2
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0
2020 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






