Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт

Март 21, 2021 10:17

ДУШАНБЕ, 21.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар Тоҷикистон дар ду моҳи соли равон  истеҳсол шудааст, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6% афзуда, беш аз 1 миллиард сомонӣ (88,8 миллион доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад агентии «Авеста».

Бино ба маълумоти Агентии омор, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ асосан аз ҳисоби афзоиши маҳсулоти растанипарварӣ ва чорводорӣ вобаста аст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ дар моҳҳои январ-феврали соли 2021 нисбат ба моҳи январи соли 2020 32,7% ва соҳаи чорводорӣ — 5,7% афзоиш ёфт.

То 1 марти соли ҷорӣ хоҷагиҳои комплекси агросаноатии кишвар дар майдони 29,8 ҳазор гектар тухмии ғалладона ва зироати лӯбиёгӣ кишт намуданд.

Дар майдони зиёда аз 233,4 ҳазор гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд. Ин нишондод дар муқоиса бо моҳҳои январ-феврали соли 2020 32% камтар аст. Майдони токзорҳои нав имсол нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли гузашта 4,6% кам шуда, ба 13,1 гектар расид.

Масоҳати боғҳои барқароршуда дар давраи ҳисоботӣ 564,2 гектар ва токзорҳо 68 гектарро ташкил дод.

Маълумоти оморӣ бо дарназардошти ҳамаи таснифоти хоҷагиҳо тартиб дода шудааст.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Март 21, 2021 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд