ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҷамоати деҳоти Ворух беш аз 40 иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ мегарданд

Март 31, 2021 09:19

ХУҶАНД, 31.03.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бунёду навсозии беш аз 40 иншооти муҳими иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, бо маблағгузории Хукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва саҳми соҳибкорону саховатмандон то имрӯз зиёда аз 30 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар қаламрави вилоят  то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду навсозӣ ва таъмиру тармими беш аз ҳашт ҳазор иншоот пешбинӣ гардидааст. То имрӯз аз шумораи умумӣ беш аз ҳафтод фисади иншоот ба истифода дода шудаанд.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ  «Ховар»  дар вилояти Суғд, дар ин радиф афзалияти бештар ба ҷамоату деҳоти минтақаҳои дурдасти вилоят дода шуда, татбиқи раванди корҳои ободониву созандагӣ пайваста дар мадди назари роҳбарият қарор дорад.

Аз ҷумла, яке аз ҷамоатҳои баландкӯҳу дурдасттарини вилояти Суғд – Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки дар он беш аз 33 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ доранд, аз чунин минтақаҳо мебошад.

Бояд гуфт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ин ҷамоат корҳои азими бунёдкорӣ бомаром идома доранд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баҳри шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмониву бунёдкорӣ ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дода, аз ҷараёни корҳои ободонӣ дар Ҷамоати деҳоти Ворух дидан намуд.

Тавре масъулини мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара иттилоъ доданд, Раиси вилоят бо ҷараёни бунёди майдони Парчам, муассисаи нави таълимӣ, қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ворух, обод намудани мавзеъҳои ҷамъиятӣ, роҳу кӯча ва маҳалли зист, сабзазоркуниву хуррамгардонӣ шинос гардида, ба фаъолнокиву меҳнатдӯстии сокинон баҳои баланд дод. Мавсуф ҳамзамон изҳор дошт, ки «мардуми шарафманди Ворух  бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи тадбирҳоро андешида, бо саҳмгузорӣ дар ҷодаи ободонии як гӯшаи дурдасти Тоҷикистон баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллии дар пешистода ҳамарӯза ҷаҳду талош доранд».

Зикр гардид, ки дар маҷмӯъ, дар шаҳри Исфара то имрӯз беш аз 400 иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёд шудаанд. Аз ҷумла, давоми солҳои 2018 — 95 иншоот, 2019 — 149 иншоот, 2020 — 161 ва давоми 2 моҳи соли 2021  4 иншоот бунёду навсозӣ гардида, мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Март 31, 2021 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд