ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорони Ёвон то 30-солагии Истиқлоли давлатӣ зиёда аз 10 км роҳҳои асосии шаҳракро мумфарш мекунанд
ЁВОН, 20.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорони ноҳияи Ёвон Акбар Асадулло ва Баҳриддин Ҷурахонов тасмим гирифтаанд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ зиёда аз 10 км роҳҳои асосии шаҳраки Ёвонро мумфарш намоянд.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, бахшида ба ҷашни миллӣ ва Наврӯзи Аҷам дар ноҳияи Ёвон корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза гирифтаанд, ки дар ин ҷода саҳми соҳибкорони маҳаллӣ хеле калон мебошад.
Шурӯъ аз 16 март бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва саҳми соҳибкор Акбар Асадулло мумфаршкунии роҳи кӯчаи Меҳвари маркази ноҳияи Ёвон оғоз гардид. Чанде пештар бо саҳми соҳибкор Баҳриддин Ҷурахонов роҳҳои кӯчаи Кароматулло Қурбонов ва як қисмати кӯчаи Мирзо Турсунзода аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.
Масъулини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон мегӯянд, ки хушбахтона, имрӯзҳо тамоми сокинони ноҳия тавассути ҳашарҳои умумӣ дар ҳар кӯчаву маҳалла даст ба корҳои созандагӣ зада, дар ободонии диёри худ саҳм мегузоранд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






