Ҷаласаҳои Кумитаи доимии Ассамблеяи Парлумонии СААД баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 03.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаҳои Кумитаи доимии Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, оид ба мудофиа ва амният, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаҳои мазкур Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, вакилони Маҷлиси намояндагон Мавлуда Мирзозода, Зайниддин Сафаров, Равшан Раҷабзода, Толиб Азимзода ва Юсуфӣ Маҳмадраҳим ба таври реҷаи фосилавӣ (онлайн) иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттило дод, дар ҷаласа ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои аъзои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат варзиданд.
Дар рафти ҷаласаи мазкур иштирокчиёни он доираи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карда, доир ба масоили ҷорие, ки дар рӯзномаи созмон дар марҳилаи муосир матраҳ гаштаанд, мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки дар ҷаҳони муосир хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ афзун гардида, тақвияти бештари ҳамгироии давлатҳои аъзои созмонро дар мубориза ба ин зуҳуроти номатлуби аср дар ҳамбастагӣ тақозо менамояд.
Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин якчанд қонунҳо ва санадҳои тавсиявиро мавриди баррасӣ қарор дода, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасӣ гардида якдилона қарорҳои дахлдор, ки аҳамияти муҳими амниятӣ доштанд, қабул карданд.
Дар интиҳои ҷаласа нақша чорабиниҳои бастаи санадҳои нав ба имзо расид, ки он барои баррасӣ зимни ҷаласаи дар пешистодаи Шӯрои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ пешниҳод гардид.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






