«Амонатбонк» дар доираи иқдоми «Кишоварз-2021» ба деҳқонон қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат пешниҳод менамояд

Март 1, 2021 13:25

ДУШАНБЕ, 01.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат ба деҳқонону кишоварзони ҷумҳурӣ иқдоми пешниҳоди қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Кишоварз— 2021» роҳандозӣ намуд.

Аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадафи иқдоми «Кишоварз-2021» ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат нигаронида шудааст.

-Иқдоми «Кишоварз-2021» қарзҳои имтиёзнокро бо фоизи пасту муҳлати дароз ба деҳқонону кишоварзони мамлакат пешниҳод менамояд. Мизоҷон метавонанд бо шартҳои имтиёзнок маблағҳои қарзиро аз 3 то 500 ҳазор сомонӣ  ва мутаносибан бо асъори хориҷӣ ба муҳлати аз 6 то 36 моҳ таҳти меъёри фоизи солонаи қарз бо пули миллӣ 18 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 8 фоиз дастрас намоянд. Меъёри фоизи моҳонаи қарз бо пули миллӣ 1,5 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 0,66 фоизро ташкил медиҳад,- иттилоъ медиҳад «Амонатбонк». Пешниҳоди қарз ба деҳқонуну кишоварзони мамлакат таҳти иқдоми «Кишоварз-2021» то 30 апрели соли 2021 идома меёбад.

Март 1, 2021 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1108 то 0.1140 сомонӣ муқаррар шудааст
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст