Ҳарифони паҳлавонони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо — «Tashkent Grand Slam 2021» муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 05.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 март дар шаҳри Тошканд-пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон маросими қуръакашии мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2021” баргузор гардид, ки дар натиҷа рақибони паҳлавонони шинохтаи тоҷик маълум шуданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо бо номи «Tashkent Grand Slam 2021» Ҷумҳурии Тоҷикистонро 14 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Инҳо паҳлавонони шинохта – Абумуслим Қаюмзода ва Шаҳбоз Саидаброров дар вазни -60кг, Баҳром Суфиев ва Алиҷон Сафаралиев дар вазни -66кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73 кило, Акмал Муродов ва Назаров Ҳақназар дар вазни -81кг, Комроншоҳ Устопириён ва Амирҷони Насимҷон дар вазни -90 кг, Саидҷалол Саидов ва Раҳмон Мансур дар вазни -100 кг, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (ҳарду дар вазни +100 кг) мебошанд.
Дар сабқати занон аз ҷумҳурии мо як нафар- Шоҳида Қаландарова (дар вазни то 63 кг) ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Дар рӯзи аввали мусобиқа –5 март қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон доир мегарданд. Дар рӯзи дувум – 6 март паҳлавонони вазнашон -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа 7 март бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон ба поён мерасад.
Натиҷаи қуръакашӣ:
5 март. Рӯзи якум (шурӯъ аз соати 09:00 бо вақти Душанбе)
-60кг. Даври 2. Абумуслим Қаюмзода — Салиҳ Йлдз (Туркия)
-60кг. Даври 2. Шаҳбоз Саидабуроров – Янислав Герчев (Булғористон)
-66кг. Даври 2. Алиҷон Сафаралиев – бо ғолиби ҷуфти Пирас Маттео (Италия) – Дмитрий Минков (Беларус)
-66кг. Даври 1. Баҳром Суфиев – Натон Бернс (Ҳолланд)
6 март. Рӯзи дуюм (шурӯъ аз соати 09:30 бо вақти Душанбе)
-63кг. Даври 2. Шоҳида Қаландарова — Хан Хи-Ҷу (Корея)
-73кг. Даври 2. Сомон Маҳмадбеков — бо ғолиби ҷуфти Евгений Прокопчук (Россия) — Георгиос Азоидис (Юнон)
-81кг. Даври 1. Акмал Муродов – Дидор Ҳамза (Қазоқистон)
-81кг. Даври 1. Ҳақназар Назаров — Георгий Шеразадишвили (Гурҷистон)
7 март. Рӯзи сеюм (шурӯъ аз соати 09:30 бо вақти Душанбе)
-90кг. Даври 2. Комроншоҳ Устопириён — бо ғолиби ҷуфти Лорензо Ригано (Италия) — Аслан Сагитбек (Қазоқистон)
-90кг. Даври 1. Амирҷони Насимҷон — Теодорос Тселидис (Юнон)
-100кг. Даври 1. Саидҷалол Саидов — Матиас Мадсен (Дания)
-100кг. Даври 2. Мансур Раҳмон — Рамадан Дарвеш (Миср)
+100кг. Даври 1. Темур Раҳимов – Ричард Сипотс (Маҷористон)
+100кг. Даври 1. Шакармамад Мирмамадов — Еней Маринич (Словения)
Ёдовар мешавем, ки варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегарданд. Дар ҳар вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда хоҳанд шуд. Варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио то моҳи июни имсол имкон доранд, ки имтиёзҳо ба даст оварда, мавқеашонро дар феҳристи ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд. Баъдан Федератсияи байналмилалии дзюдо феҳристи ниҳоии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.








Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад






