Артиши миллии Афғонистон дар натиҷаи як амалиёт се маргталабро маҳв ва ҳафт нафари дигарашро захмӣ намуд
ДУШАНБЕ, 10.03.2021 /АМИТ «Ховар»/ Вазорати дифои Афғонистон эълом кардааст, ки 10 маргталаби гурӯҳи «Толибон» ва автомашинаи пур аз маводи таркандаи онҳо дар вулусволии Алмори вилояти Форёб ҳадафи ҳамлаи Артиши миллии Афғонистон қарор гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии Khaama Press.
Вазорат имрӯз, 10 март хабар додааст, ки «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) тасмим гирифта буданд, ки шаби гузашта бо як автомашинаи пур аз маводи тарканда ба неруҳои дифоӣ ва амниятӣ дар ноҳияи Алмори вилояти Форёб ҳамла кунанд.
Дар хабар омадааст, ки низомиён мошини муҷаҳҳаз бо маводи таркандаи «Толибон»-ро ҳадафи ҳамлаи худ қарор доданд ва дар натиҷа се маргталаб кушта ва ҳафт нафари дигари онҳо захмӣ шуданд.
Ҳамчунон 8 март неруҳои амниятӣ ва дифоӣ бо дастгирии қувваҳои ҳавоӣ ҷангҷӯёни «Толибон»-ро дар атрофи маркази вулусволии Алмори вилоят ҳадаф қарор доданд, ки дар натиҷа 12 тани онҳо кушта ва чаҳор нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Вилояти Форёб дар шимоли Афғонистон ҷойгир аст ва яке аз минтақаҳои ноамн дар кишвар мебошад ва «Толибон» дар вулусволиҳои он, хусусан дар Алмор, ҳузури зиёд доранд.








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






