Дар Бадахшон ба шарафи Наврӯзи байналмилалӣ ҷамъомади идона доир шуд

Март 18, 2021 10:00

ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз ҷашнест, ки маҳаки инсонгароӣ дошта, мардумро ба накӯкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, кумак ба ниёзмандон, ободонӣ, хайру сахо, ҳурмату эҳтиром, покиву тозагӣ, сарсабзию шукуфоии табиат даъват менамояд ва ба ҳар иқдоми нек замина мегузорад. Ин нуктаро Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ëдгор Файзов зимни иштирок дар ҷамъомади идона бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хоруғ иброз дошт.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар  ҳамоиши идона кормандони идораи телевизион ва радиои вилоят, Рӯзноми «Бадахшон», «Почтаи тоҷик» ва дигарон иштирок намуданд.

Раиси вилоят баëн дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавҳари инсонпарастии ин ҷашни ниёгонро хосатан таъкид намуда, гуфтаанд: «Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд».

-Ин масъала, хусусан дар замони мо, ки инсоният бар асари равандҳои ҷаҳонишавӣ ва гармшавии иқлим бо мушкилоти бесобиқа рӯ ба рӯ омадааст, аҳамияти фавқулода муҳим пайдо намудааст,-афзуд Ёдгор Файзов.

Дар фарҷоми ҳамоиш бо иштироки ҳунармандони маъруф барномаи фарҳангӣ манзур гардид.

Март 18, 2021 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши муштарак баргузор гардид
Дар шаҳри Новосибирск Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Сайри гули лола баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Озарбойҷон таҷлил карда шуд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Лиони Фаронса таҷлил гардид
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шуд
Оид ба Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон маҳфили илмию фарҳангӣ доир шуд
Шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Ёвонро Ғазалшои Давлатшо ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода соҳиб шуданд
Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оид ба ҷашни Наврӯз баргузор шуд
Дар Ҳисор базми идонаи наврӯзӣ баргузор гардид
Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ. Наврӯз обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад