Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Лиони Фаронса таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 14.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ дар роҳи эҳё ва тарғиби ҷашну анъанаҳои бостонӣ 12-13 апрел дар шаҳри Лион Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса хабар доданд.
Дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ кормандони Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО ва шаҳрвандону ҳамватанони муқими кишвари иқомат фаъолона иштирок намуданд.
Сафири Тоҷикистон дар Фаронса изҳор намуд, ки Ҳукумати мамлакат дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва арҷгузорӣ ба ҷашну маросими ниёгон Наврӯзро сол то сол дар сатҳи баланд ва бо шукуҳу шаҳомати идона ҷашн мегирад. Ин ҷашни бостонии мардуми тамаддунофари мо аз соли 2010 инҷониб ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таҷлил карда мешавад.
Зимни баргузории ин ҳамоиш дастархони идона бо таомҳои миллӣ ороста шуда, чорабинии наврӯзӣ дар фазои фарҳбахши тоҷикона доир гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






