Бахшида ба Рӯзи Модар байни кормандзанони Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқа оид ба тенниси рӯи миз доир шуд

Март 5, 2021 09:11

ДУШАНБЕ, 05.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар  дар Маҷмааи варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ байни кормандзанон Мусобиқа оид ба  тенниси рӯи миз баргузор гардид. Дар мусобиқа бонувони варзишгари сарраёсат, раёсатҳо ва шуъбаҳои Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе  дар ду гурӯҳи синну солӣ: то 35-сола ва аз 35-сола боло иштирок намуданд. Дар гурӯҳи кормандзанони аз 35-сола боло ҷойҳои якуму дуюмро кормандони шуъбаи дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ Заррина Маҳмадназарова ва Наталя Манская соҳиб гашта, мақоми сеюм аз Академияи Вазорат насиби Фирӯза Убайдуллозода гардид.

Ба варзишгарони ғолиби мусобиқа Ҷом, диплом, медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими кушодашавии мусобиқа сардори Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Нуриддин Пирумшозода тамоми кормандзанони мақомоти корҳои дохилиро бо фарорасии  Рӯзи Модар табрик гуфт.

Мавсуф зикр намуд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боло бурдани мавқеи занон ва саҳми онҳо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа заминаи боэътимод гузошт. Дар мушкилтарин моҳҳову солҳо занон исбот намуданд, ки онҳо низ метавонанд дар баробари мардон дар ҳифзи марзу бум, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар сафи пеш қарор гиранд. Шаҳодати ин гуфтаҳоро теъдоди зиёди занон, ки тӯли солиёни зиёд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратии мамлакат, алалхусус дар мақомоти корҳои дохилӣ хизмат мекунанд, собит менамояд. Воқеан нақши зан ҳамчун модар, тарбиятгар, ғамхору мададгор, ҳунарманду ҳунаромӯз, ободкору зебопараст ва олиҳаи ҳусн дар рӯзгори мо бениҳоят калон аст.

Пас аз садои додани Суруди миллӣ мусобиқа оғоз шуда, бо тартиби системаи қоидаҳои байналмилалии Федератсияи байналмилалии «ITTF» гузаронида шуд. Дар натиҷаи нишон додани маҳорату малакаи варзишӣ ғолибони мусобиқа муайян гардиданд.
Дар гурӯҳи байни кормандони ҷавони то 35-сола мақоми аввалро намояндаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорат Бибиҳамро Уроқова, мақоми дуюмро корманди шуъбаи дастгоҳи марказии Вазорат Таҳмина Ализода ва ҷойи сеюмро аз дастаи Академияи ВКД Интизор Фатҳуллоева ишғол намуданд.

Март 5, 2021 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик